Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл

МУАЛЛИФОН: ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш., КАБУТОВ Х.Қ., ҲОМИДОВ Ф.А., АБДУЛОВ Ҷ.

ТАҲТИ РОҲБАРИИ ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш.

Иқлими минтақа ҳамчун континенталӣ бо зимистонҳои хеле сард ва миқдори ками боришоти атмосфера дар давоми сол тавсиф мешавад. Бо вуҷуди шароити аридӣ, дар ин ҷо шумораи зиёди пиряхҳо мавҷуданд. Масалан, дар ҳавзаи кӯли Ховаркӯл зиёда аз 400 пирях мавҷуд аст, ки ҳар кадом масоҳати беш аз 0,1 км² доранд, ва масоҳати умумии онҳо зиёда аз 560 км²-ро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа ҳам пиряхҳои хурди косашакл ва ҳам пиряхҳои калони дендритӣ ба мисли пиряхи Октябр, ки яке аз бузургтарин дар минтақа маҳсуб меёбад, вомехӯранд.

Харитаи яхбандии ҳавзаи кӯли Ховаркӯл